OnePlus 6
OnePlus 6 — смартфони ширкати OnePlus мебошад, ки 16 майи 2018 с. дар Лондон тақдим карда шудааст. Фарқкунон аз намудҳои пешина, баданаи смартфон пурра аз шиша сохта шудааст. Хусусиятҳои техникӣ
КамераиМанбаъи DxoMark камераи смартфонро ба 96 хол баҳо дод. Режими аксгирӣ 100 хол гирифт, режими наворгирӣ бошяд 87 холл.[2] ҲимояАз рӯи суханҳои ширкат, OnePlus 6 нисбати об ва чанг тобовар аст, вале намуд шаҳодатномаи IP надорад.[3][4] НосозиҳоДар моҳи июли 2018 с. хабарҳо дар бораи ҷои кафида дар қапқоқи қафо пайдо шуданро сар карданд, ки худ аз худ бе таъсири ҷисмонӣ назди калидаки тағйири баландӣ пайдо мешуданд.[5][6] Ҳамон вақт низ истифодабарандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати милт-милти дисплей шикоят карданро сар карданд. Аз рӯи суханҳои истифодабарандагон, носозиҳо пас аз навкунии намуди барномаи OxygenOS 5.1.8 оғоз ёфтаанд. Дар таҳрири OxygenOS 5.1.11 носозӣ ислоҳ карда шудааст.[7][8] ФурӯшАз рӯи суханҳои ширкат, OnePlus 6 аллакай дар рӯзи якуми фурӯш рекордро шикаст дода, байни тамоми дастгоҳҳои OnePlus смартфони аз ҳама тез фурӯхташаванда гашт.[9][10] Моҳи июни 2018 с. ширкат маълумот дод, ки дар давоми 22 рӯз 1 миллион смартфонҳои OnePlus 6 фурӯхта шудааст.[11] Эзоҳ
Пайвандҳо |