OnePlus 5
OnePlus 5 — смартфони ширкати хитоии OnePlus мебошад, ки 20 ибни 2017 сол муаррифӣ шудааст. Ин намуд бояд OnePlus 4 номгузорӣ мешуд, аммо рақами 4 дар Хитой рақами нобарорӣ ва бадбахтӣ ҳисоб мешавад.[1] OnePlus 5 вориси намуди OnePlus 3 аст. Дизайни OnePlus 5 бо сабаби шабоҳат бо дизайни iPhone 7 зери танқид қарор гирифт.[2][3] Аз рӯи гуфтаи директори генералии ширкат Карл Пей, OnePlus 5 яке аз смартфонҳои аз ҳама зиёд фурӯхташавандаи ширкат гардид ва дар рейтинги дохилии фурӯш мавқеи OnePlus 3T-ро гирифт.[4] Дар Ҳиндустон OnePlus 5 дар ҳафтаи якуми фурӯш рекорди даромадро дар платформаи Amazon нишон дод.[5] Моҳи ноябри 2017 сол директори генералии зерсохтори OnePlus дар Ҳиндустон Викас Аггарвал хабар дод, ки истеҳсоли OnePlus 5 боздошта шуд зеро ширкат ба истеҳсол ва фурӯши намуди OnePlus 5T гузаштааст.[6] Хусусиятҳои техникӣ
КамераЗаминаи DxoMark камераи OnePlus 5-ро бо 87 хол баҳо дод, ин аз iPhone 7 зиёдтар аст.[8][9][10] НамоишгарИстифодабарандагон барои мавҷуд будани ҳолати “желе” шикоят карданд, ҳангоми саҳифагардонӣ тасвир дар рӯи лавҳ хира мешуд. Ширкат арз кард, ки мушкилоти мазкур норасоии лавҳ нест.[11][12] Эзоҳ
Пайвандҳо |