OnePlus 8
OnePlus 8 ва OnePlus 8 Pro — смартфонҳо дар заминаи Android мебошанд, ки аз ҷониби ширкати хитоии OnePlus истеҳсол шудаанд. Ҳар ду намуд таърихи 14 апрели 2020 сол дар чорчӯбаи онлайн-намоиш тақдим карда шудаанд. Силсилаи OnePlus 8 ҷогири силсилаи OnePlus 7 мебошад. Тамоми намудҳои стандарти алоқаи мобилии 5G доранд. OnePlus 8 Pro дар баҳогузории рейтингии AnTuTu барои июни 2020 сол ҷои дуюмро ишғол намуд.[1] Аз ҷониби DisplayMate ба OnePlus 8 Pro дар гурӯҳи "Best Smartphone Display" мукофот дода шудааст.[2] Дар ҳиндустон якумин миқдори OnePlus 8 Pro дар давоми якчанд дақиқа пас аз оғози фурӯш харида шудааст.[3] Хусусиятҳои техникӣ
АудиоПортали DxOMark садои OnePlus 8-ро ба 68 хол баҳогузорӣ кард, OnePlus 8 Pro сазовори 67 хол гашт. Дар рейтинги умумии аудио намудҳо сазовори ҷойҳои 11 ва 12 гаштаанд.[7][8] Намудҳои Verizon ва T-MobileOnePlus 8 5G UW (Verizon) ва OnePlus 8 5G (T-Mobile) — намудҳо барои бозори ИМА, дар силсилаи OnePlus 8 танҳо онҳо дорои шаҳодатномаи ҳимоя аз об ва чанг IP68 мебошанд.[9][10] Намуди 5G UW якҷоя бо оператори калонтарини амрикоии шабакаи мобилӣ Verizon бароварда шудааст. Намуди мазкур дар силсилаи OnePlus 8 аз ҳама тезтарин мебошад, зеро Ultra Wideband – тарзи махсуси аз ҳад тезтарини 5G-и ширкати Verizon-ро доро мебошад. Намуди 5G (T-Mobile) танҳо дар мағозаҳои шабакаи T-Mobile ба таври истисноӣ фурӯхта мешавад. Таъсири рентгенДар нурполои фотохромии камераи смартфони нави OnePlus 8 Pro теъсири рентген дида мешавад.[11][12] Он баъзе намудҳои пластик ва либосро тадқиқ мекунад. Бо сабаби пайдо гаштани тақризҳои манфӣ дар бораи вайрон кардани махфият, ширкати OnePlus нурполоро аввал дар намудҳои хитоӣ ва сипас дар тамоми ҷаҳон хомӯш кардааст. Пас аз чанд вақт, ширкат барои дар навкунии барномаи OxygenOS 10.5.9 истифода бурдани нурполо имконият дод.[13][14] Эзоҳ
Пайвандҳо |