OnePlus 6T
OnePlus 6T — Andorid - смартфони ширкати OnePlus мебошад, ки 29 октябри 2018 сол дар Ню-Йорк пешкаш гардидааст. Тақдими намудро директори генералии ширкати OnePlus Pete Lau (Пит Лау) гузаронидааст.[1] Силсилаи OnePlus 6T ҷогири силсилаи OnePlus 5T мебошад. Дар вақти тақдим дар Ҳиндустон рекорди Гиннес гузошта шуд, 559 нафар одамон дар шаҳрҳои гуногун яквақта борпечиро бо OnePlus 6T-и нав кушодаанд.[2] Дар декабри 2018 сол намуди OnePlus 6T McLaren Edition бароварда шудааст. Хусусиятҳои техникӣ
КамераDxOMark камераи OnePlus 6T-ро ба 101 хол баҳогузорӣ кард. Ҳамон вақт смартфон дар рейтинги DxOMark ҷои 11-ро ишғол намуда, аз iPhone X пеш рафт.[5] ФурӯшOnePlus 6T - якумин смартфони OnePlus, ки дар ҳудуди ИМА ба фурӯши расмӣ бароварда шуд. Якумин миқдори OnePlus 6T McLaren Edition-ро дар Хитой дар давоми 60 сония пас аз оғози фурӯш харидаанд.[6] НосозиҳоМоҳи июни 2019 сол дар бораи ихроҷи азими маълумотҳои шахсии истифодабарандагон соҳибони OnePlus 6 ва OnePlus 6T маълум шуд. Нозукӣ дар замимаи Shot on OnePlus ошкор карда шуд. Ширкати OnePlus барномаи қисми бехатариро дар моҳи июли 2019 сол баровард.[7][8][9] Эзоҳ
Пайвандҳо |